Дар Москва дар мавзуи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор гардид

Август 24, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи буҷетии давлатии шаҳри Москва «Хонаи миллатҳои Москва» ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони миллатҳои гуногун аз Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Арманистон, мақомоти дахлдори Русия, коршиносон, алоқамандони осори илмию адабии Ибни Сино, олимону муҳаққиқон, ординаторон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва  тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиб ва муаррифии чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба идеологияи ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, хеле муҳим ва зарур арзёбӣ намуданд. Гузашта аз ин, ба хотири гиромидошти ин шахсияти бузург Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази Синошиносӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин номи яке аз калонтарин ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба номи Сино гузошта шудааст, ки мояи ифтихору сарфарозии мо аст».

Дар ҳамоиш  коршиносон ва муҳаққиқон ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, инчунин андешаҳои фалсафавӣ ва омӯзгории ӯро мавриди омӯзиш қарор дода, дар робита ба ин мулоҳизаронӣ намуданд.


Дар доираи ҳамоиш бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти олими бузург намоиши филми мустанад, хона-музей, утоқи корӣ, асбоб ва лавозимоти истифодашавандаи тиббии замони ҳаким Ибни Сино ва китобҳо аз осори илмии ӯ ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳошияи чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси Маркази арабшиносӣ ва исломшиносии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Иброҳим Тауфиқ Камел тарҷумаи осори дуҷилдаи Ибни Сино ба забони русӣ «Ибн-Сина (Авиценна) Исцеление. Теология» муаррифӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Август 24, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд