Дар мулоқот бо намояндагони ширкати «GENEW Technologies Co. LTD»-и Чин масоили телекоммуникатсия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 июл вохӯрии роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» — и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти ширкати «GENEW Technologies Co. LTD» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ширкати «GENEW Technologies Co. LTD» соли 2005 таъсис ёфта, корхонаи сатҳи баланди соҳаи технологӣ мебошад. Ҳадафи он ҳалли масъалаҳо дар соҳаи телекоммуникатсия, инчунин таҳия ва таъмини нармафзори миллӣ мебошад.
Зимни мулоқот Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаҳоеро, ки дар айни замон дар корбарӣ қарор доранд, муаррифӣ намуд. Яке аз мавзуъҳои асосии вохӯрӣ ҳамкорӣ дар заминаи «Лоиҳаҳои ҳушманд» дар бахшҳои бехатарӣ, маориф ва тандурустӣ, инчунин дар бунёди Маркази коркарди маълумот ва Маркази ҳамоҳангсозӣ буд.
Дар интиҳо тарафҳо баҳри рушди соҳаи телекоммуникатсия табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






