Дар натиҷаи тирпаронӣ дар Донишгоҳи амрикоии иёлати Вирҷиния чор нафар маҷруҳ шуд

Август 15, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тирпаронӣ, ки рӯзи чоршанбе дар Донишгоҳи амрикоии иёлати Вирҷиния рух дод, чор нафар маҷруҳ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Тавре шуъбаи полиси ҳавзаи Честерфилд, воқеъ дар ҷануби иёлот хабар додааст, тақрибан соати 00:36 ба вақти маҳаллӣ полис дар бораи тирпаронӣ маълумот гирифта, ба кӯчаи Буассо-стрит расида, дар он ҷо чор захмӣ — ду мард ва ду занро пайдо карданд.

Ҳамаи захмиён ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуданд, ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид намекунад.

Донишгоҳ иттилоъ додааст, ки ду гумонбар дар ҷои ҳодиса боздошт шуд ва тафтиш идома дорад.

Мардони 21-солаи боздоштшуда ба ошкоро бо худ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва як нафараш ҳамчунин барои бе иҷозат бо худ доштани силоҳ гунаҳгор дониста мешаванд, иттилоъ додааст агентии Associated Press.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 15, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад