Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд

Август 24, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, ки 13 июли имсол дар натиҷаи пайи ҳам фаромадани сел чандин хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғу заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд, бартараф мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Дар айни замон дар ин деҳаҳо ҳашари дастҷамъӣ ташкил гардида, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба он ҷалб шудаанд. Корҳои бартарафкунӣ ва сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида идома доранд.

Сохтмончиён ният доранд, ки то фарорасии фасли сармо бунёди хонаҳоро ба итмом расонанд.

Бунёди хонаҳои истиқоматиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон – Сохтмон» ба уҳда гирифтааст.

Дар баробари сохтмони 15 манзили истиқоматӣ дар мавзеи навбунёд дигар имконоту инфрасохтор пурра бунёд мегардад. Аз ҷумла, хати барқу об, роҳи нақлиётӣ, пиёдараҳ, майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода мешаванд.

Ҳоло дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12  корҳои бартарафсозӣ ва таъмири асосӣ идома дошта, корҳо дар ин самт 90% иҷро шудаанд. Дар бино дару тирезаҳои наву замонавӣ насб шуда, дигар лавозимот низ бо сифату стандартҳои замонавӣ таъмин мешаванд. Умед аст, ки 1 сентябр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дари худро барои толибилмон боз менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Август 24, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд