Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Август 23, 2024 13:18

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ таҳти унвони «Нақш ва мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ: ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки аҳамияти бунёдии мавзуи баррасишаванда, алалхусус дар заминаи тағйироти табиию иқлимие, ки тоҷикистониён имсол шоҳиди он гаштанд, боз ҳам равшану васеътар мегардад.

«Дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво дар фасли тобистон ҳодисаҳои гуногуни табиӣ, аз қабили обшавии босуръати пиряхҳо, баланд гаштани сатҳи рӯдҳою дарёҳо ва фаромадани селу обхезӣ ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёди моддию молиявӣ расониданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи  Ишкошим бар асари баланд гаштани сатҳи об дар рӯдхонаи Зугванд ва дигар шудани маҷрои об 13 хонаи сокинон пурра, 26 манзили истиқоматӣ қисману сабук ва замину боғҳо бо инфрасохтори муайян вайрон гардиданд»,-изҳор намуд Алишер Мирзонабот.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оид ба масъалаҳои экологӣ, тоза нигоҳ доштани атмосфераи Замин, кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва самаранок аз манбаъҳои об ва нигаҳдошти онҳо, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои муҳими таърихӣ баромад менамоянд.

Дар конфронс ташаббусҳои таърихии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми зиёда аз ду даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба иқлим ва об  пешниҳод, қабул ва амалӣ мешаванд, баён гардид. Иброз шуд, ки ин ташаббусҳо, ки мавҷудияту рушди ояндаи ҷомеаи инсонӣ аз ҳалли масъалаҳои онҳо вобаста аст, аз умқи ҳикмати волои миллат маншаъ мегиранд, зеро таърихи миллат нишон медиҳад, ки дар радифи бунёди ҳаёти худ тоҷикон ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ будаанд.

Иштирокчиёни ҳамоиш изҳори боварӣ намуданд, ки аҳли башар ҳушдори Пешвои Тоҷикистонро аллакай дарк намуда, ба таври ҷиддӣ барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар ҳамгироии зич тадбирҳои судманд меандешанд ва ҳаётро дар сайёраи Замин эмин нигоҳ медоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 23, 2024 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт