Дар Панҷакент насби таҷҳизот ва қубурҳои обкашонӣ барои майдонҳои кишт идома дорад
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки аз норасоии оби полезӣ танқисӣ мекашанд, тасмим гирифта шуд, ки тавассути насби таҷҳизоти обкашӣ ва қубурҳои қутрашон 400 мм аз пойгоҳи Дупула ба ин мавзеъ, ба масофаи 4,5 километр оби полезӣ кашонда шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
То имрӯз бо ҷалби мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон дар пойгоҳи насосии Дупула муҳаррик, таҷҳизоти обкашии пуриқтидори замонавӣ ва дар масофаи қариб 3 километр қубур насб карда шуд.
Бо анҷоми насби қубурҳо майдонҳои кишт ва боғҳо дар масоҳати беш аз 200 гектар, ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигии қисмати канории деҳаи Ғӯсар бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни шиносоӣ бо насби қубурҳои обкашонӣ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷараёни ин корро зери назорати ҳамарӯза қарор дода, ба тезонидани он фаъолона мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






