СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар вилояти Суғд 91 корхонаву коргоҳи нав бо 587 ҷойи нави кор дар самти истеҳсоли дару тиреза, тахтасанги мармарӣ, мебел, равғани растанӣ, хӯроки чорво, машрубот, маҳсулоти ширию қаннодӣ ва пойафзол ифтитоҳ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилояти Суғд хабар доданд, аз ҷумла дар корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888», ки имсол ба истифода дода шуд, асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда истеҳсол мешаванд.
Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия ворид карда шудаанд, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад.
Ҳоло дар корхона 2 намуд таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳои равшанидиҳанда ва зиёда аз 20 намуд дег барои рӯзгор, ки ҳаҷмаш аз 2 то 300 литрро ташкил медиҳад, бо дизайни хос ва сифати баланд истеҳсол мешаванд.
Корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888», ки дар Тоҷикистон аз аввалин истеҳсолкунандагони радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои ҳаҷму андозаашон гуногун барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда мебошад, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойи кори нав иқдоми муҳиму саривақтӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






