СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон 251 корхонаи саноатӣ бо беш аз 1700 ҷойи кор ба истифода дода шуд

Август 1, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ба истифода додани 251 корхонаи нави саноатӣ дар соли 2024 дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеарлӣ Кабир 1 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи ба фаъолият шуруъ кардани беш аз 250 корхонаи нави саноатӣ дар мамлакат 1714 ҷои кор фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 корхона бо 53 ҷойи нави кор, дар вилояти Суғд 91 корхона бо фароҳам овардани 681 ҷойи кор, дар вилояти Хатлон 42 корхона бо 344 ҷойи кор, дар ноҳияҳои тобеи марказ 39 корхона бо 117 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 62 корхона бо таъсиси 619 ҷойи кор ба истифода дода шуданд.

Вазир афзуд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нави саноатии имсол ба истифода додашуда ба маблағи беш 60 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръат ва аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.

Аз 251 корхонаи нави имсол баистифодадода 62 адад ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, 66 адад ба бахши саноати сохтмон, 58 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, 49 корхонаи дигар ба соҳаи саноати сабук ва пилла марбут мебошад. Инчунин дар соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои қиматбаҳо ва ангишт 5 корхона ба истифода дода шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 1, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид