Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид

Октябрь 28, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 709,3 ҳазор тонна маҳсулоти меваҷот ҷамъоварӣ  шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 6,5 ҳазор тонна ё 0,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин  ҳаҷми истеҳсоли зардолу дар ин давра 115,1 ҳазор тонна кам гардид.

Олимони соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд, ки омили асосии коҳиш ёфтани ҳосилнокӣ ин тағйирёбии иқлим ва номусоиди обу ҳаво мебошад. Паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои март ва апрел ба давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда рост омад.  Инчунин  бориши боронҳои пайдарпай раванди гардолудкунии табииро аз ҷониби ҳашароти фоидаовар, аз ҷумла занбӯри асал маҳдуд намуданд.

Таъсири манфии иқлимӣ бештар дар ҳосилнокии боғҳои зардолу ва гелос ба назар мерасад. Ҳамзамон  ҳарорати баланди фасли тобистон ва хокборишу чангу ғубор ба хушкшавии баргии дарахтон ва паст шудани сифатии мевагиҳо таъсир расонид.

Ин вазъият ба содироти мева низ таъсири манфӣ расонд.  Тибқи  иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон содироти меваҷот (хушкмева ва ангур) 84 ҳазору 692 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 19,9 фоиз кам мебошад. Аз ҷумла, содироти меваи хушк аз вилояти Суғд 20,5 фоиз ва содироти меваи тару тоза 37,1 фоиз коҳиш ёфтааст.

Зардолуи хушк яке аз маҳсулоти асосии содиротии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 65,5 ҳазор гектар боғҳои зардолу мавҷуданд, ки 53 ҳазор гектари онҳо дар марҳалаи мевадиҳӣ қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 28, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд