Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Остона бо тими миллии Қазоқистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Август 15, 2024 13:26

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 барои анҷом додани ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Остона сафар кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Пайрав Воҳидов ба ин ҷамъомад 16 нафар – 3 дарвозабон ва 13 бозигарро даъват кардааст. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов бо сабаби ҷароҳат доштан дар ҷамъомади тамринии тими миллии мамлакат иштирок намекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Остона бо барандаи медали биринҷии мусобиқоти чемпионати Аврупо-2016 – тими миллии Қазоқистон, ки дар чемпионати ҷаҳон-2024 дар Узбекистон низ иштирок мекунад, ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бозиҳои дӯстона 22 ва 24 август дар маҷмааи варзишии «Сайран Арена» доир мешаванд.

Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;

Бозигарони майдон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Абдуқаюм Умаров, Умед Кузиев, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Муҳаммадҷон Шарифов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Насратшо Исмоилов.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 15, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд