Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро қариб 100 фоиз иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи фаъолияти дастҷамъонаи кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол донишгоҳ ба нишондиҳандаҳои назарраси таълимиву илмӣ, тарбиявию байналмилалӣ ва молиявӣ комёб гардида, нақшаи қабул дар донишгоҳ қариб 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии ин муассиса ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иттилоъ дод.
Ба иттилои ректори донишгоҳ, дар давраи ҳисоботӣ ҳамкории байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии хориҷӣ ба 113 адад расонида шуд. Ҳамзамон робитаҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Узбекистон дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолтар гардид.
Иброз гардид, ки дар таърихи навини давлатдорӣ, яъне 33 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маорифи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ, захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, мақому манзалати шоиста касб намуд.
Дар донишгоҳ таҳсил дар асоси низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми таҳсили фосилавӣ амалӣ шуда, ҳоло қабули ҳуҷҷатҳо барои зинаҳои магистратураву докторантура ва идомаи таҳсилу гирифтани маълумоти дуюм дар донишгоҳ идома дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






