ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Дар ноҳияи Восеъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Август 8, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 август дар ноҳияи Восеъ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории миллии тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Истиқлоли давлатӣ, Пешвои миллат ва илми тоҷик» ва «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлати демократӣ дар Тоҷикистон» сухан намуданд. Иброз гардид, ки нақши меҳварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва бозсозии давлатдории миллӣ дар таърихи дирӯз ва имрӯзи халқи тоҷик бузург буда, он моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъӣ баҳри ободиву пешрафти ҷумҳурии азизамон даъват ва ҳидоят месозад.

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди ҷумҳурӣ ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва омили раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст. Олимон чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандӯстӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Август 8, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд