ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?

Август 16, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 16.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Иқлимшииносон бар ин назар ҳастанд, ки гармшавии глобалӣ аз охирҳои асри 19 мушоҳида карда мешавад ва суръати он мунтазам меафзояд. Агар ин гармшавӣ боздошта нашавад, дар оянда сайёра ба оқибатҳои ногувор дучор мегардад. Бинобар ин мубориза ба муқобили гармшавии глобалӣ- тамоюли устувор ва пойдори ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Чанд муддат аст, ки гармшави ҳарорати кураи Замин боиси сар задани ангезишҳои офатҳои табиӣ гардидааст, ки бар асари он нафарони зиёд ба ҳалокат расида, қисми дигар аз манзилҳои зист маҳрум гардидаанд. Ҳамзамон дар натиҷаи гармии беш аз андозаи ҳаво чандин ҳазор сокинони Аврупо ва Осиё ҷони худро аз даст доданд. Дар ҳамин ҳол чанде пеш Хадамоти обуҳавошиносии Британияи Кабир пешгӯӣ карда буд, ки ҳадди аз ҳама баланди ҳарорати 1,5°С метавонад соли 2024 аз байн равад. Аммо якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво дар 12 моҳи охир бисёр олимонро ба ҳайрат овард. Ин нигарониҳо хавфи эҳтимолии тезтар ба амал омадани гармшавиро ба вуҷуд меоранд. Диана Юрге-Форсатс, яке аз муовинони раиси Гурӯҳи байниҳукуматии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) иброз дошт, ки дар 15 соли охир гармшавӣ дар сайёра бо суръати 0,3°С дар даҳ сол ба амал меомад. Ин назар ба тамоюли охири асри 20, яъне 0,18°С дар як даҳсола тақрибан ду баробар зиёдтар аст.

Равандҳои тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтаанд. Ба гуфтаи коршиноси масоили экологии Тоҷикистон Ҳасан Асоев, перомуни ин масъала агар арзишҳои илмиро ба низом дароварда, ҷузъан таҳлилу таҳқиқ намоем, равандҳои тағйирёбии иқлим дар табиат пайваста ба амал меоянд. «Мушкилӣ он аст, ки агар ҳаёт дар кураи Замин тақрибан 4,5 миллиард сол пеш пайдо шуда бошад, мушоҳидаҳои метереологии мо тақрибан таърихи 150-200-сола доранд. Ҳеҷ гоҳ далелҳои бадастовардаи 150-200-сола нисбат ба 4,5 миллиард сол воқеиятро ифода карда наметавонанд. Лекин аз таҳлилҳои илмӣ бармеояд, ки 250 миллион сол пеш ҳарорат дар кураи Замин то 5 дараҷа баланд будааст. Ҳамзамон андешае мавҷуд аст, ки 100 миллион сол пеш низ ҳарорат  дар кураи Замин ба ҳамин минвол баланд шуда будааст»,-изҳор медорад ӯ.

Тағйирёбии иқлим: хусусияти даврӣ доштани табиат ё таъсири инсон ба муҳити зист?

Агар ба таҳлилҳои илмӣ назар намоем, маълум мегардад, ки асрҳои 17-18-ро олимон давраи хурди сардӣ ном бурдаанд ва аз асри XIX инҷониб ҳарорат дар кураи Замин баланд мешавад. Агар таҳқиқоти илмиро ба низом дарорем, воқеан нисбат ба 100 сол пеш ҳарорат аз 0,7 то 1 дараҷа баланд шудааст. Мушкилоти мо он аст, ки далелҳои интишоршуда ва натиҷагирӣ намуда дар ин самт хеле гуногун мебошанд.

Ба иттилои Ҳасан Асоев, дар баъзе асарҳои илмӣ агар ба ҳисоби миёна  дар арсаи ҷаҳон аз 0,7 то 1 дараҷа ҳарорат баланд шуда бошад, дар баъзеи дигар ин нишондиҳанда 1-1,5 дараҷа дарҷ шудааст. Яъне, байни далелҳои интишорёфта доир ба тағйиёрбии иқлим аслан қаробати наздики назару андешаҳо дида намешавад, ки мушкилӣ низ маҳз дар ҳамин аст. «Таърихи 150-200-сола имкон намедиҳад, ки оид ба пайдоиши тамоми кураи Замин, ки 4,5 миллиард сол пеш ба вуҷуд омадааст, маълумоти дақиқ дода тавонем. Гурӯҳи дуюми олимону коршиносон ба он назаранд, ки ҳамин равандҳои тағйирёбии иқлим на ба характери даврӣ, балки ба пешомадҳои илму техника дар истеҳсол вобаста мебошанд. Инқилоби илмӣ-техникӣ сабабгори дигаргуншавии иқлим дар кураи Замин гаштааст»,-чунин изҳор медорад ӯ.

Бояд гуфт, ки ҳоло аксар олимону коршиносон ин равандҳоро вобаста ба пешомадҳои илму техника меомӯзанд ва тибқи Созишномаи Париж, дар айни замон аксар кишварҳои ҷаҳон масъалаи дар сатҳи 1,5 дараҷа нигоҳ доштани ҳароратро дар кураи Замин масъалагузорӣ доранд. Чунки аз ҳад зиёд, яъне 2 дараҷа баландшавии ҳарорат дар рӯйи Замин ба нестшавии тамоми набототу ҳайвонот оварда мерасонад. Баъзе олимон андеша доранд, ки вақте дар ин ё он минтақа заминҷунбӣ ба амал меояд, ҳарорат дар кураи Замин (дар маҳали сар задани ҳодиса) аз 1,5 то 2 дараҷа баланд мешавад. Ин равандро низ олимон ба равандҳои тағйирёбии иқлим дохил мекунанд, ки дар ин фарзияҳо ягонагии нуқтаи назар дида намешавад.

Хисороти ҷонӣ ва молии тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон

Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар 60 соли охир дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Илова бар ин, шумораи рӯзҳои боронӣ афзоиш ёфта, суръат ва шиддатнокии падидаҳои гидрометеорологии табиӣ зиёд шудааст. Бояд гуфт, ки ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр маврид талафоти ҷонӣ низ ба бор меоранд. Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Дар 30 соли охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он нобуд шудааст.

Ба андешаи коршиноси тоҷик, ҳамасола хусусияти хоси таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим дар ангезиши офатҳои табиӣ, нестшавии набототу ҳайвонот, ангезиши бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ, таназзулёбии табиат ва бадшавии саломатии аҳолӣ ба назар мерасад. «Равандҳои тағйирёбии иқлим, яъне баландшавии ҳарорат бештар ба кӯдакон ва куҳансолон таъсир мерасонад ва гоҳо боиси фавти онҳо низ мегардад»,-баён дошт ӯ.

Бояд ёдовар шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар самти пешгирии омилҳои тағйирёбии иқлим  соли 2002 «Стратегия оид ба таъсири тағйирёбии иқлим»-ро таҳия карда буд, вале ин стратегия бо сабаби ҷалб нагардидани донорҳо  қабул карда нашуд. Дар ҳамин ҳол Ҳасан Асоев иброз медорад, ки имрӯз вақти он расидааст, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин стратегия аз нав таълиф ва пурра гардида,  қабул карда шавад, зеро баландшавии ҳарорат боиси ангезиши бемориҳи гуногун мегардад.

Соли 2024 — давраи баландшавии ҳарорат дар кураи Замин

Инсон ҷузъи табиат буда, ба муқобили он баромада наметавонад. Инсонро зарур меояд, ки дар муқобили равандҳои тағйирёбии иқлим истодагарӣ намояд.  Ба андешаи коршиноси масоили экологӣ, моро зарур аст, ки вобаста ба ин равандҳо моделҳое таҳия намоем, ки тавонем дар таносуби нигоҳдошти мувозинати табиӣ нақши муассир дошта бошем. «Мо бар зидди табиат баромада наметавонем, вале вобаста ба моделҳои таҳиянамудаамон метавонем маърифати экологиро баланд бардошта, як дараҷа таносуби нигоҳдошти мувозинати табииро нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар сатҳи ҷаҳонӣ моделҳои гуногуни равандҳои тағйирёбии иқлим таҳия карда шудаанд, аммо агар ин моделҳои таҳиякардаи онҳоро боз муқоиса намоем, далелҳо хеле парокандаанд. Ин ба олимону коршиносон имкон намедиҳад ки онҳоро ба таври пурра натиҷагирӣ намоянд».

Ҳасан Асоев изҳор медорад, ки инсоният имрӯз воқеан дар давраи баландшавии ҳарорат дар кураи Замин қарор дорад. Имрӯз дар баъзе минтақаҳо ҳарорат хеле тағйир ёфтааст. Имрӯз дар мамлакати мо низ ба таври вертикалӣ тамоюли таназзулёбии табиат ба назар мерасад. Мисол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин парандагони наве сабт шудаанд, ки қаблан дар инҷо набуданд. Ин падида ба назари коршинос далели он аст, ки вобаста ба гармшавии ҳарорат кӯчиши ҳайвонот тағйир ёфтааст. Ин нишони он аст, ки мо имрӯз дар давраи баландшавии ҳарорат дар кураи Замин қарор дорем ва моро мебояд аз ин нуқтаи назар ба ин масъала баҳо диҳем.

«Роҳи ҳалли ин мушкилӣ- баланд бардоштани маърифати экологии мардум мебошад. Дар мамлакати мо ҳамарӯза дар ин ё он мавзуъ ё муаммои экологӣ мақолаҳо интишор мегарданд. Моро зарур аст, ки ин барномаҳоро тавре таҳия намоем, ки ҳиссиёти кӯдакро нисбат ба ҳифзи табиат бедор карда тавонанд. Дар баробари ин самти таҳқиқоти илмиро вобаста ба равандҳои тағйирёбии иқлим бояд такмил диҳем. Ҳамзамон моро зарур аст, ки корхонаҳоеро ба истифода диҳем, ки ба коркарди бепартов равона шуда бошанд. Зеро Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2037 партовҳои ихроҷи газҳои гулхонаиро ба ҳадди сифр расонад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 16, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд
Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИ БИНОӢ. Дар Тоҷикистон 1800 нафар кӯдакон аз бемории чашм азият мекашанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Ба пешгӯии коршиносон, то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар кураи Замин эҳтимол то 3 дараҷа баланд шавад
ҲАФТ ПЕШНИҲОДИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо ба ҳалли мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех дарахт шинонида мешавад
Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, ки амнияти давлату миллатро пурра таъмин намояд
БАРОИ ИДОМАИ ТАҲСИЛ ЧӢ БОЯД КАРД? Онҳое, ки то синфи 9 таҳсил накардаанд ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон муроҷиат намоянд
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ ДУР НАСОЗЕД! Соли 2023 44 000 нафар хонанда баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта биноҳои нав месозанд
Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Он ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст