«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид

Август 24, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Худшиносии миллӣ — ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок, марзу бум, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст, — иброз шуд зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон, ки дар мавзуи «Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта сабаб  мегардад».

Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ ва кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагӣ дорад.

Таъкид гардид, ки ҳар фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо худшиносиву истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошанд.

Тавре Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Август 24, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад