Имрӯз филмбардор ва аккоси маъруф Заур Дахте аз олам даргузашт

Август 15, 2024 17:00

 ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Дахте аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Заур Дахте яке аз наворбардоронии маъруф, суратгири мусаввир, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ ва Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон таваллуд шудааст.

Ҳунари Заур Дахтеро баъди филми кӯтоҳметражи ҳунарии «Лоле» эътироф карданд ва ӯ филми пурраметражи «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна»-ро (1968) ба навор гирифт. Сипас силсилафилмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду серия, коргардон М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон М.Маҳмудов) ва дигар филмҳо  рӯи навор омаданд.

Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм иштирок кардааст. Филмҳои олии Заур Дахте оид ба сарнавишту саргузашти шоирони бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои  миллӣ ворид шудаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, соли 2011 сазовори унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардидааст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад