ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА. Он ба ақидаҳои бунёдии инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ ва озодӣ асос ёфтааст

Август 19, 2024 13:56

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 август Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона аст. Ин рӯз бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 11 декабри соли 2008 барои мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи талошҳои кумакҳои башардӯстона дар саросари ҷаҳон ва аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар расонидани онҳо эълон гардидааст. Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона ҳамзамон ба гиромидошти хотираи қурбониён-кормандони  Созмони Милали Муттаҳид дар Ироқ рабт дорад. 19 августи соли 2003 дар Бағдод ҳангоми  амалиёти террористӣ  таркиш рух дод, ки бар асари он  22 нафар, аз ҷумла Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Серҷио Виейра де Меллу ҳалок шуданд.  Инчунин Рӯзи ҷаҳонии кумакҳои башардӯстона ба онҳое иртибот дорад, ки зимни иҷрои  вазифа ва супоридани кумакҳои башардӯстона ба миллионҳо одамон ҳалок шудаанд.

Ин рӯз ҳамчунин зарурати идомаи кумаки башардӯстона дар саросари ҷаҳон, хусусан дар нуқтаҳои даргири сайёра, кишварҳои фақир ва давлатҳое, ки аз ҳодисаҳои нохуши табиӣ зарар дидаанд ва аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ барои расонидани онро таъкид мекунад.

Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид,  дар Рӯзи ҷаҳонии кумакҳои  башардӯстона Бунёди Серҷио Виейра де Меллу аз соли 2010 инҷониб ҳамасола ба номи ӯ ҷоиза тақдим мекунад. Бо ин ҷоиза шахсони алоҳида, созмонҳо ва ҷамъиятҳо барои саҳми бориз дар ҳалли осоиштаи муноқишаҳо мукофотонида мешаванд.

Кумаки башардӯстона ба ақидаҳои бунёдии инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ ва озодӣ асос ёфтааст. Ҳар сол Рӯзи кумаки башардӯстона ба мавзуи мушаххас бахшида шуда, шарикони тамоми созмонҳои башардӯстонаро муттаҳид мекунад, то барои зинда мондан, некӯаҳволӣ ва шаъну шарафи одамони аз буҳронҳо зарардида дар тамоми манотиқи дунё, инчунин бехатарӣ ва ҳифзи кормандони соҳаи башардӯстона талош намоянд.

Кормандони созмонҳои  башардӯстона  ба ҷуз аз наҷоту ҳифзи ҷони  одамон ва расонидани маводи зарурӣ ҳадафи дигар надоранд. Онҳо паҳлу  ба паҳлу истода, ба нафароне  хизмат мекунанд, ки  дар минтақаҳои  даргир ё доғи сайёра ва дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида қарор доранд. Новобаста аз хатар ё мушкилиҳо кормандони кумакҳои башардӯстона ба минтақаҳои офатзада ва хати пеши муноқишаҳо барои наҷот ва ҳифзи одамони ниёзманд сафар мекунанд. Рисолати кормандони соҳаи башардӯстона наҷот ва ҳифзи ҳаёти одамонро фаро мегирад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 19, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад