«Интернет барои хона» барои ҳама дастрас шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интернети ноқилӣ аз аввалин оператори имконияти нави рақамӣ дар маҳаллаи «Обшорон» («Водонасосный»)-и шаҳри Душанбе дастрас гардид. Акнун сокинони бахши хусусӣ имкон доранд, ки ба сифати таҳвили маълумот аз рӯи технологияи GPON баҳо гузоранд.
«Интернет барои хона» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар зиёда аз 240 хонаи воқеъ дар кӯчаҳои Ҳамзаалиев, Пӯлод Толис, Ҳазора ва Муҳаммад Осимӣ дастрас мебошад. Пайвасткунӣ аз рӯи технологияи GPON, ки сатҳи баланди устуворӣ ва суръатро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад. Соҳибони бисёр хонаҳо аллакай интернетро дар маконҳое истифода мебаранд, ки дар онҳо провайдерҳои анъанавӣ ҳоло хизматрасониро муаррифӣ накардаанд.
Барои пайвасткунии «Интернет барои хона» сокинони ноҳия бояд ба рақами 4747 занг зада, дархост гузоранд. Мутахассисони ширкат давоми 24 соат хизматрасониро пайваст менамоянд. Тарофаи мувофиқро метавон пешакӣ дар сомонаи ширкат интихоб намуд.
«Мо кӯшиш менамоем, ки ҳар хонаро бо интернети босуръат, устувор ва аз рӯи нарх дастрас таъмин намоем. Хабарҳоро пайгирӣ намоед, то имконияти пайвасткунии «Интернет барои хона»-ро ҳангоми пайдошавии он дар кӯчаатон аз даст надиҳед!», – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.
Дар ояндаи наздик мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳудуди хизматрасониро васеъ намуда, «Интернет барои хона»-ро ба сокинони кӯчаҳои П.Абдуллоев, Охунбобоев, Варзоб, Гулистон, Зафар Нозим, Кулбин, Куприн, Лутфӣ Обихоҷаев, Радишев, Фарҳод ва Файзулло Ансорӣ пешниҳод менамоянд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






