Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сохтмон ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд, дар Ёддошти тафоҳум ҳамкориро дар самтҳои зерин-табодули таҷриба аз рӯйи татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияҳои инноватсионӣ дар бахши сохтмон, аз ҷумла роҳҳалҳои техникии банақшагирии самаранок, лоиҳакашӣ, истифода, инчунин идоракунии ҷорӣ, объектҳои сохтмони асосӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи сохтмони асосӣ, назорати давлатии сохтмонӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, мусоидат дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорию сохтмонии муштарак, мусоидат ба лоиҳаҳои омӯзишӣ оид ба омодакунии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, мусоидат ба таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ба танзим медарорад.
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон 22 август дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо ба имзо расонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






