Лайфхак: чӣ тавр метавон ҳаҷми интернети мобилиро бештар кард

Август 15, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муштариёни нав ва амалкунандаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» метавонанд ду маротиба бештар трафики интернет ба даст оранд. Барои ин танҳо пайваст кардани тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо пардохти абонентии аз 100 сомонӣ ва зиёдтар кифоя аст.

«Биё! Бисоз Life» тарофаи созанда мебошад, ки дар он метавонед мустақилона миқдори дақиқаҳо барои зангҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаҷми интернетро муайян намоед. Нархи минималӣ ба маблағи 49,57 сомонӣ — 50 дақиқа ба дигар шабакаҳо, 10 ГБ, белимит дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ва белимити шабонаро бо трафики интернети дорои суръати бемаҳдуд дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин бисёре аз муштариён хизматрасониҳои алоқаро дар ҳаҷми бештар талаб мекунанд, аз ин рӯ дар тарофа бастаҳои дигар — то 200 дақиқа дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 150 Гб трафики интернетро интихоб кардан мумкин аст.

Роҳи мувофиқтарин барои муштариёни фаъол — идоракунии тарофа аз тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» мебошад. Дар саҳифаи асосӣ ба қисми «Тарофаи ман» гузашта, баъдан ифодаҳои «Дастрас» — «Сохтани тарофа» -ро интихоб кунед, дар ин бахш миқдори дақиқаҳо, гигабайтҳо, СМС-ро нишон диҳед. Нархи умумии тарофа дар сатри поёнӣ инъикос меёбад. Пас аз интихоби бастаҳои зауррӣ танҳо тугмаи «Пайваст кардан» -ро пахш кунед.

Агар арзиши тарофаи пайвастшуда аз 100 сомонӣ зиёд бошад, муштарӣ ба таври автоматӣ иштирокчии иқдом мегардад ва +100% трафики интернет ба даст меорад. Масалан, агар 45 Гб интихоб гардад, маҳз ҳамин миқдорро ҳангоми тамом шудани бастаи асосӣ истифода бурдан мумкин аст.

Муштариёни нав метавонанд ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар толорҳои алоқа ё мағозаи интернетии ширкат тариқи интихоби тарофаҳо бо нархи 100 сомонӣ ва зиёдтар дар иқдом иштирок намоянд.

Муҳлати амали трафики бонусӣ тибқи шартҳои иқдом ба муҳлати амали тарофаи асосӣ баробар аст. Ҳамин тавр, агар маблағи тарофа 1 сентябри имсол гирифта шавад, трафики ба муштарӣ туҳфашуда низ то он рӯз эътибор дорад. Ҳаҷми иловагии интернет барои 6 давраи пардохт, яъне шаш моҳ пешбинӣ шудааст. Шарти асосӣ ин аст, ки тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро қатъ накунед ва ба тарофаи дигари арзишаш камтар нагузаред. Агар давоми 72 соат пас аз анҷоми муҳлати амали тарофа маблағи он пардохт карда нашавад, трафики иловагӣ қатъ мегардад.

«Мо барои муштариёни рақамӣ шароити махсус фароҳам меорем. Даҳҳо гигабайтҳои бонусӣ барои истифодаи бемаҳдуди интернет, тамошои видео тариқи интернети мобилӣ, фаъолият ва муошират имкон медиҳанд. Тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро пайваст карда, имконияти навро барои худ таъмин намоед!»,-тавсия медиҳад роҳбари хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Зебуниссо Эргашева.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 15, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад