Мақолаи олими тоҷик дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф» дар Испания сазовори ҷойи дуюм гардид

Август 18, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олим ва ҳуқуқшиноси тоҷик Сиёвуш Наботзода дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф» иштирок карда, ба гирифтани ҷойи 2 ва Диплом мушарраф шуд. Маросими супурдани Диплом ба ғолибон дар шаҳри Ослои Норвегия ва Мадриди Испания доир шуд ва олими тоҷик дар он тариқи фосилавӣ иштирок карда, қадрдонӣ гардид.

Тавре олими ҷавони тоҷик дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ӯ дар ин озмун бо мақола дар мавзуъҳои «Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шароити пандемия» ва «Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» иштирок карда, дар байни намояндагони 19 давлат сазовори ҷоиза шуд.

Дар таҳқиқоти  олими ҷавони тоҷик масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ дар шароити пандемияи СОVID-19 ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамчунин масъалаи мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар шароити пандемияи СОVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Олими ҷавони тоҷик хатмкардаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2010 то 2011 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор карда, сипас солҳои 2011 – 2013 барои идомаи таҳсил ба зинаи магистратураи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҷамъияти матлуботи Федератсияи Русия дохил шудааст. Баъди хатми ин зинаи таҳсил ҳамчун муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ, декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқ кор кардааст.

Соли 2021 баъди се соли таҳсил дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси ҳуқуқ рисолаи докторӣ (доктор-PhD)-иро дар мавзуи “Реҷаи ҳуқуқии молу мулки соҳибкори инифиродӣ” ҳимоя намудааст. Ҳоло  директори Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори ҳуқуқ ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсиони Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон аст.

Ӯ муаллифи 22 монографияву адабиёти илмию таълимӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ буда, дар чандин ҳамоишҳои илмӣ сухан кардааст. Аз ҷумла, Сиёвуш Наботзода соли 2017 монографияашро бо номи «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ» дар нашриёти «Империал-Групп» аз чоп баровард. Ин рисола ба таҳлили пайдоиши ниҳоди президентӣ ва умдатарин масъалаҳои ин ниҳод дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ ва ватанӣ бахшида шудааст.

  АКС аз манбаъҳои боз

Август 18, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!