Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Август 22, 2024 18:22

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро имзо намуданд.

Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд:

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сохтмон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон

— Ёддошти тафоҳум миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот;

— Ёддошти ҳамкорӣ миёни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли”;

— Ёддошти тафоҳум миёни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати миллии атомии “Казатомпром”;

— Ёддошти ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Сарвари давлати мо аҳамияти таърихии имзои «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро махсус таъкид карда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд.”

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 28.08.2024

Август 22, 2024 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд