МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар тобистон хӯрдани 10 маҳсулоти мавсимӣ ҳатмӣ аст

Август 17, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Фасли тобистон, ки бозору мағозаҳо пур аз маҳсулоти тару тоза мебошанд, беҳтарин вақт барои пурра сохтани норасоии витаминҳо дар бадани инсон мебошад. Барои ин дар ин фасл хӯрдани сабзавоти мавсимӣ, кабутӣ, меваю буттамеваҳо ба манфиат аст. Дар зер номгӯйи 10 маҳсулоти барои бадани инсон манфиатоварро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Таррак (кадуча). Ин навъи каду асосан аз об ва моддаи пардаи  ҳуҷайраи растанӣ иборат буда, сабзавоти камкалория ба шумор меравад. Дар 100 грамми ин маҳсулот 24 килоколория аст. Дар таркиби он витаминҳои В, А, Е, оҳан, магний, калий ва синк мавҷуд мебошанд. Ин навъи кадуро бо пӯсташ мебояд хӯрд, зеро дар таркибаш миқдори зиёди каротиноидҳо дида мешавад, ки сустшавии биноии чашмро монеа мегарданд.  Вале ба онҳое, ки ба бемориҳои ҷудошавии шарбати зиёди меъда, гурдаву рӯда гирифторанд, духтурон боэҳтиёт хӯрдани ин маҳсулотро тавсия медиҳанд.

Бодиринг. Ин маҳсулот низ камкалория буда, миқдори зиёди обро доро аст. Дар 100 грамми он 14 килокалория дида мешавад. Он ба одам ҳисси серӣ бахшида, таъсири пешобронӣ дорад, рӯдаҳоро тоза мекунад ва истеҳсоли кислотаи гидрохлоридро дар меъда бармеангезад, ки он ҳазми хӯрокҳои сафедадорро беҳтар мекунад. Бодиринг дар таркиби худ миқдори зиёди витамини С дорад, ки ба баланд бардоштани системаи масунияти инсон мусоидат менамояд.

Булғории ширини сурх. Сабзавот аз антиоксидантҳо ва каротиноидҳо бой аст, ки онҳо пӯсти баданро аз таъсири беруна ҳифз менамоянд. Миқдори зиёди витамини С дар таркиби ин сабзавот ба истеҳсоли коллаген мусоидат мекунад. Витамини В6, ки дар он мавҷуд аст, ба системаи асаб низ таъсири мусбат мерасонад. Бо вуҷуди ин, агар шумо ба бемориҳои меъдаю рӯда гирифтор бошед, пас андозаи истеъмоли ин сабзавот бояд кам карда шавад.

Баргҳои хӯриш. Он дар таркиби худ витамини С, К, витаминҳои гурӯҳи В, кислотаи фолий, хлорофил, калсий дорад. Миқдори миёнаи калориянокӣ то ҳадди ниҳоии фоиданокӣ оварда мерасонад. Ин гуна баргҳои хӯриш аз ҳисоби он ки дар таркибашон миқдори зиёди нахҳо мавҷуд ҳастанд, ба ҳазми хуби хӯрок мусоидат мекунанд.  Чунин хӯришҳо ба узвҳои ҳозима беҳтар аз ҳисоби миқдори зиёди нах мусоидат мекунанд. Бо вуҷуди ин хӯрдани маҳсулот барои гирифторони бемории ниқрис (подогра) зараровар аст, зеро хӯриш сатҳи кислотаи пешобро баланд мебардорад.

Кашниз. Ин кабудӣ дорои кислотаҳои органикӣ мебошад, ки ба синтези шарбати меъда таъсир расонида, инчунин антиоксидантҳое, ки дар таркибаш мавҷуд ҳастанд, ба муҳофизати бадан ва мубориза бо радикалҳои озод мусоидат мекунанд. Сарфи назар аз ҳама манфиатҳо, шумо набояд аз ин маҳсулот зиёд истифода баред, зеро миқдори зиёди он сабаби пайдоиши ҳассосият ва ҳатто мушкилот дар хотира мегардад.

Қулфинай. Буттамевае, ки бисёриҳо ҳозиранд онро бемаҳдуд истеъсол намоянд. Қулфинай дар фасли тобистон маҳсулоти хуштаъм ва ташнагишикан мебошад.  Он дорои кислотаи фолий, оҳан, В9, РР-аст. Вале дар сурати аз меъёр зиёд хӯрдан он  метавонад ба узвҳои меъдаву рӯда зиён расонад. Ҳамзамон қулфинай маҳсулоти ҳассосиятовар дониста мешавад. Хуб аст агар дар як рӯз меъёри хӯрдани онро аз 300 грамм зиёд накунем.

Зардолу. Зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайраҳо мебошад. Истеъмоли  зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, ба раванди гемопоэз таъсири муфид мерасонад, ки ин барои гирифторони камхунӣ хеле муҳим аст. Мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар камхунӣ, бемориҳои системаи дилу раг ва ғайра, ки ба рушди норасоии калий ҳамроҳ  мебошанд, нақши муҳим дорад. Инчунин он аз ҳисоби миқдори зиёди фосфор ва магний фаъолияти зеҳниро афзун ва хотираро беҳтар мекунад. Дар зардолу инчунин пектин мавҷуд аст, ки метавонад маҳсулоти заҳрноки мубодилаи моддаҳо ва холестиринро аз бадан хориҷ кунад. Нафароне, ки диабети қанд доранд, онҳо ин маҳсулотро бояд бо эҳтиёт бихӯранд.

Олу. Ин мева на танҳо барои беҳтар кардани узвҳои ҳозима, мустаҳкам кардани рагҳои хун ва бофтаи устухон кумак мекунад, балки инчунин барои баланд бардоштани сатҳи оҳан дар хун ва пешгирии камхунӣ мусоидат менамояд. Дар 100 грамм олу 2,1 мг оҳан мавҷуд аст. Миқдори шабонарӯзии исеъмоли ин маҳсулот 4-5 дона аст. Шарбати олу барои беморони системаи меъдаву рӯда фоидаовар буда, он дар организм ба баровардани об ва намак мусоидат мекунад.

Гелос. Нахи дар таркиби гелос мавҷуда барои ба эътидол овардани узвҳои ҳозима мусоидат мекунад. Калий барои паст кардани фишори баланди хун ва қанди хун мусоидат мекунад ва витаминҳои В барои кори системаи асаб хизмат мекунанд. Одамони гирифтори диабети қанд бояд хӯрдани ин меваро аз сабаби миқдори зиёди глюкоза доштанаш маҳдуд намоянд.

Помидор. Ин сабзавот дорои маҷмуи бойтарини витаминҳо ва минералҳо дар таркиби худ мебошанд. Дорои витамини В мебошад, ки ба ҷавоншавии пӯст ва беҳтар намудани ранги рӯй мусоидат мекунанд. Барои ин, истифодаи помидор на танҳо аз ҷониби табибон, балки аз ҷониби косметологҳо низ тавсия дода мешавад. Дар таркибаш витаминҳои А ва С, витаминҳои РР ва Е ва витамини К ба миқдори зиёд мавҷуданд. Аз микроэлементҳо помидор бештар калий ва фосфор дорад. Помидор аз моддаҳои пектин бой аст, ки ба паст кардани холестирин дар хун мусоидат менамоянд. Илова бар ин, пайвастагиҳое, ки дар таркиби помидор дида мешаванд, ба нигоҳ доштани фишори хун дар ҳолати муқаррарӣ мусоидат менамоянд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 17, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус