МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Харбуза ба бадани инсон неру мебахшад

Август 25, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки баданаш неруманд шавад, бояд харбуза истеъмол намояд. Инчунин харбуза майнаи сарро бо рутубат таъмин мекунад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, барои зардпарвин фоида дорад ва сангҳои гурдаро майда карда мерезонад. Чунин тавсия медиҳанд мутахасисони соҳаи тиб.

Ба гуфти мутахассисон, вақти беҳтарин барои истеъмоли он байни ду таом аст, ки таоми аввали хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фаромада бошад. Харбуза маҳсулоти парҳезӣ дониста шуда,  ҳуҷайраҳои сурхи хунро фаъол месозад ва системаи масуниятро, ки аз витамини муфиди С бой аст, эҳё мекунад. Ин маҳсулоти полезӣ  инчунин аз калий бой буда,  системаи дилу рагҳоро муҳофизат мекунад. Он миқдори зиёди бета-каротин ва витамини С-ро дар бар мегирад, ки бо саратон самаранок мубориза мебаранд ва радикалҳои озоди организмро безарар мегардонанд.

Тамокукашӣ боиси паст шудани сатҳи витамини А дар бадан мегардад. Харбуза миқдори онро барқарор мекунад ва қобилияти кам кардани зарари шушро дорад. Ғайр аз он бӯи харбуза бӯи нохуши тамокуро нест мекунад. Харбуза асабҳоро ором намуда, изтиробро коҳиш медиҳад.

Тақрибан 90-92 дарсади таркиби харбуза мисли тарбуз аз об иборат аст. Дар 1 порчаи харбуза (150 г) тақрибан 50 калория, 0,3 чарб, 13 грамм карбогидратҳо, 12 грамм шакар, 1,4 грамм нах ва 1,3 грамм сафеда мавҷуд аст. Ҳамчунин таркиби он витамини B3 (ниатсин), B6 (пиридоксин), B9 (кислотаи фолий) ва дигар пайвастагиҳои барои организм муфидро доро мебошад.

Дар тибби халқӣ аз дона (тухми он) ҳар гуна давоҳо омода менамоянд. Тухми харбузаро барои беҳтар ва мустаҳкам кардани бадан ва хосиятҳои муҳофизатии он истеъмол кардан мумкин аст.

Тухмашро кӯфта, гузошта банданд, варам ва дарди чашмро сокин мегардонад, инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад.
Мизоҷи тухми харбуза дар дараҷаи якум гарм ва дар дуюм тар аст. Агар инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, гурда, хичак ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, дарунро мулоим мекунад, бодро бармеангезад, моддаҳои беҳаракатмондаро ба ҷунбиш меоварад, сурфаи гармро даво мешавад, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, дағалии ҳалқ ва забонро ислоҳ мекунад, табҳои гарм ва мураккабро басанда месозад, ташнагиро мешиканад ва сӯзиши пешобро сиҳат мебахшад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш аст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти дигари  кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа доир гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 25, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст
Маликшо Неъматзода: «Парчами давлатӣ дар таҷассуми ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳимояи марзу бум мавқеи барҷаста дорад»
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
ЧИСТ ПАРЧАМ? ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ АСТ! Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
Парчам- рамзи ифтихор, пояи давлатдорӣ ва оинаи ҳувияти миллӣ
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ мебошад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОҲИБМАКТАБ ВА СИЁСАТМАДОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард