МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Харбуза ба бадани инсон неру мебахшад
ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки баданаш неруманд шавад, бояд харбуза истеъмол намояд. Инчунин харбуза майнаи сарро бо рутубат таъмин мекунад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, барои зардпарвин фоида дорад ва сангҳои гурдаро майда карда мерезонад. Чунин тавсия медиҳанд мутахасисони соҳаи тиб.
Ба гуфти мутахассисон, вақти беҳтарин барои истеъмоли он байни ду таом аст, ки таоми аввали хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фаромада бошад. Харбуза маҳсулоти парҳезӣ дониста шуда, ҳуҷайраҳои сурхи хунро фаъол месозад ва системаи масуниятро, ки аз витамини муфиди С бой аст, эҳё мекунад. Ин маҳсулоти полезӣ инчунин аз калий бой буда, системаи дилу рагҳоро муҳофизат мекунад. Он миқдори зиёди бета-каротин ва витамини С-ро дар бар мегирад, ки бо саратон самаранок мубориза мебаранд ва радикалҳои озоди организмро безарар мегардонанд.
Тамокукашӣ боиси паст шудани сатҳи витамини А дар бадан мегардад. Харбуза миқдори онро барқарор мекунад ва қобилияти кам кардани зарари шушро дорад. Ғайр аз он бӯи харбуза бӯи нохуши тамокуро нест мекунад. Харбуза асабҳоро ором намуда, изтиробро коҳиш медиҳад.
Тақрибан 90-92 дарсади таркиби харбуза мисли тарбуз аз об иборат аст. Дар 1 порчаи харбуза (150 г) тақрибан 50 калория, 0,3 чарб, 13 грамм карбогидратҳо, 12 грамм шакар, 1,4 грамм нах ва 1,3 грамм сафеда мавҷуд аст. Ҳамчунин таркиби он витамини B3 (ниатсин), B6 (пиридоксин), B9 (кислотаи фолий) ва дигар пайвастагиҳои барои организм муфидро доро мебошад.
Дар тибби халқӣ аз дона (тухми он) ҳар гуна давоҳо омода менамоянд. Тухми харбузаро барои беҳтар ва мустаҳкам кардани бадан ва хосиятҳои муҳофизатии он истеъмол кардан мумкин аст.
Тухмашро кӯфта, гузошта банданд, варам ва дарди чашмро сокин мегардонад, инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад.
Мизоҷи тухми харбуза дар дараҷаи якум гарм ва дар дуюм тар аст. Агар инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, гурда, хичак ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, дарунро мулоим мекунад, бодро бармеангезад, моддаҳои беҳаракатмондаро ба ҷунбиш меоварад, сурфаи гармро даво мешавад, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, дағалии ҳалқ ва забонро ислоҳ мекунад, табҳои гарм ва мураккабро басанда месозад, ташнагиро мешиканад ва сӯзиши пешобро сиҳат мебахшад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш аст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа доир гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҷлили рӯзи ҷаҳонии футбол
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!






