Муроҷиат ҳамчун туҳфа: ба муштариёни суғдӣ барои фаъолнокӣ арзи сипос карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Хеле хуб аст, ки ширкат муштариёни зиёдро ба ҳам оварда, доир ба тарзи фаъолияти алоқаи мобилӣ ва хадамоти мизоҷон маълумот дод. Барои мо гирифтани маълумот доир ба он ки ширкат шабакаро дар минтақаи мо пайваста инкишоф медиҳад ва мутаносибан суръати интернет ҳам баландтар хоҳад шуд, хеле муҳим буд», — мегӯяд сокини шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб.
Сӯҳроб аз зумраи муштариёни фаъоли суғдӣ аст, ки ба вохӯрӣ бо роҳбарони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» даъват шуд. Яке аз вохӯриҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд, вохӯрии дуюм дар Панҷакент доир гардид. Ба меҳмонони оператор тарзу воситаҳои хизматрасонӣ ба муштариён баён карда шуда, инчунин доир ба он ки баъди аз ҷониби соҳиби телефон гирифта шудани рақам чӣ ба амал меояд ва кадом лоиҳаҳои техникии соли 2024 дар минтақа ба дастрастар гардидани телеком-хизматрасониҳо мусоидат мекунанд, маълумот дода шуд.
«Ман доир ба тарзи фаъолияти воситаҳои рақамӣ тасаввурот надоштам, лекин имрӯз бисёр маълумоти нав гирифтам. Маълумот дар бораи хизматрасонии молиявӣ-техникӣ хеле писанд омад, акнун маблағи хизматрасонии молиявӣ-техникиро аз хона пардохт карда, дигар ба бонк намеравам», — изҳор дошт иштирокчии вохӯрӣ Наргис.
Роҳбарони ширкат махсусан ба муштариён барои маълумот дар бораи маконҳое, ки дар онҳо алоқа бояд беҳтар карда шавад, арзи сипос намуданд. Ҳар муроҷиат аз ҷониби кормандони департаменти техникӣ ҳангоми тартибдиҳии нақшаи гузаронидани санҷишҳо ва корҳои техникӣ ба назар гирифта мешавад. Бо шарофати робита бо муштариён минтақаҳои проблемавӣ зудтар ошкор шуда, мушкилӣ дар онҳо зудтар бартараф карда мешавад.
«Дар шаҳри мо ҳама дар бораи алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» назари хуб доранд, лекин мо гоҳ-гоҳ ба ширкат барои ҳалли масъалаҳоямон муроҷиат мекунем. Интизор набудам, ки маро ба вохӯрӣ даъват карда, миннатдорӣ баён мекунанд ва ҳатто туҳфа тақдим менамоянд. Раҳмат ба оператор!», – мегӯяд сокини Панҷакент Раҳим.
«Вохӯриҳо бо сокинони Суғд барои гӯш кардани фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои онҳо имконияти беҳтарин аст. Маҳз бо ҳамин роҳ мо бо якдигар наздиктар мешавем. Якҷоя мо метавонем ба чунин натиҷае ноил шавем, ки суғдиён унвони «муштариёни аз ҳама рақамӣ»-ро нигоҳ дошта, на танҳо аз ҳама фаъолтар дар ҷумҳурӣ интернет ва хизматрасонии рақамиро ба кор баранд, балки инчунин аз сифати онҳо қаноатманд бошанд», изҳор дошт дар ҷамъбасти вохӯрӣ директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.
Вохӯриҳои топ-менеҷерони ширкат бо муштариёни ширкат идома меёбад: дар навбат вилояти Хатлон аст.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






