Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи ширкатҳои сайёҳии Гурҷистон шинос гардиданд

Август 10, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар шаҳри Тбилиси вохӯрии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Идораи миллии сайёҳии Гурҷистон ва бахши хусусии ин ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаи тамоюли рушди саноати сайёҳӣ ва ҳамкории дуҷониба дар соҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гурҷистон баррасӣ шуд. Иброз гардид, ки дар замоне, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар рушди иқтисоди давлатҳо нақши муҳим дорад, тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Гурҷистон муҳим мебошад.

Сафари омӯзишӣ ва табодули таҷрибаи ҳайати Тоҷикистон ба Гурҷистон дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот»-и Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири омӯзиш ва таҷриба андӯхтани кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат ташкил гардид.

Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон  якчанд мавзеи сайёҳӣ ва таърихии шаҳрҳои Тифлису Мтсхетаро тамошо намуда,  бо  тарзи қабули сайёҳон дар нуқтаҳои хизматрасонии Гурҷистон, таҷрибаи ғании ширкатҳои сайёҳӣ ва усулҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон шинос  шуданд. Таъкид гардид, ки барои ташкили  чунин низоми хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Тоҷикистон имконияти зиёд мавҷуд аст ва амалисозии нақшаҳои мукаммал дар ин самт манфиатовар мебошад.

Сафари ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Гурҷистон дар рушди ҳамкории минбаъда байни мамлакатҳо  дар ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Ин сабаби он мегардад, ки таҷрибаи сайёҳии Гурҷистон аз ҷониби мутахассисони тоҷик мавриди омӯзиш қарор гирифта, сатҳи тахассусии  онҳо  баланд бардошта шавад  ва таҷрибаи андӯхтаи онҳо  дар соҳаи сайёҳии  Тоҷикистон истифода гардад.

Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин бо мавзеъҳои дигари сайёҳӣ ва иншооти таърихии шаҳри Тифлис ва  дастовардҳои Ҷумҳурии Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ шинос шуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд