Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи ширкатҳои сайёҳии Гурҷистон шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар шаҳри Тбилиси вохӯрии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Идораи миллии сайёҳии Гурҷистон ва бахши хусусии ин ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаи тамоюли рушди саноати сайёҳӣ ва ҳамкории дуҷониба дар соҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гурҷистон баррасӣ шуд. Иброз гардид, ки дар замоне, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар рушди иқтисоди давлатҳо нақши муҳим дорад, тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Гурҷистон муҳим мебошад.
Сафари омӯзишӣ ва табодули таҷрибаи ҳайати Тоҷикистон ба Гурҷистон дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот»-и Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири омӯзиш ва таҷриба андӯхтани кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат ташкил гардид.
Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон якчанд мавзеи сайёҳӣ ва таърихии шаҳрҳои Тифлису Мтсхетаро тамошо намуда, бо тарзи қабули сайёҳон дар нуқтаҳои хизматрасонии Гурҷистон, таҷрибаи ғании ширкатҳои сайёҳӣ ва усулҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон шинос шуданд. Таъкид гардид, ки барои ташкили чунин низоми хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Тоҷикистон имконияти зиёд мавҷуд аст ва амалисозии нақшаҳои мукаммал дар ин самт манфиатовар мебошад.
Сафари ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Гурҷистон дар рушди ҳамкории минбаъда байни мамлакатҳо дар ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Ин сабаби он мегардад, ки таҷрибаи сайёҳии Гурҷистон аз ҷониби мутахассисони тоҷик мавриди омӯзиш қарор гирифта, сатҳи тахассусии онҳо баланд бардошта шавад ва таҷрибаи андӯхтаи онҳо дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон истифода гардад.
Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин бо мавзеъҳои дигари сайёҳӣ ва иншооти таърихии шаҳри Тифлис ва дастовардҳои Ҷумҳурии Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ шинос шуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






