Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии Корея ва Осиёи Марказӣ сухан гуфт

Август 1, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 01.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми марказҳои таҳлилии Корея ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин марказ хабар медиҳад.

Дар форум таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ + Корея», инчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок (сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, масъалаҳои об, иқлим, илм ва маориф) мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Дар форум намояндагони марказҳои таҳлилӣ, доираҳои сиёсӣ, корпусҳои дипломатии вазорату идораҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуданд.

Дар бахши аввали форум муовини якуми Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Гузариши босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модели рушди саноатӣ дар заминаи шарикии калидии Осиё Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» сухан гуфт. Баён гардид, ки «имрӯз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ имкони афзоиши ҳамкориро ҷустуҷӯ доранд. Ҳамчунин онҳо барои ҳамкорӣ имконияти зиёд доранд ва истифодаи самарабахши он ба нафъи ҳамаи давлатҳо мебошад».

Таъкид гардид, ки ҳамкории судманд бо истифода аз технологияи пешрафтаи Корея ва коркарди захираҳои сарватҳои бойи табиии Осиёи Марказӣ метавонад имконоти навро барои шарикии судманд боз кунад ва ба пешрафти устувори иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва таҳкими муносибатҳои дипломатӣ мусоидат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 1, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе