НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионӣ маҷаллаи «Фурӯғи илм» таъсис дода шуд

Август 7, 2024 11:27

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳқиқи мавзуъҳои мубрам, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан ба навгониҳои таҳқиқоти илмӣ, татбиқи онҳо дар истеҳсолот, рушду нумӯи илми мамлакат дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ, техникӣ, тиббиву фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, муаррифии дастовардҳои аспирантону докторантҳо маҷаллаи илмӣ-байналмилалии «Фурӯғи илм» таъсис дода шуд. Чунин иттилоъ дод Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шашмоҳаи аввали соли 2024.

Шумораи аввали маҷаллаи илмӣ-байналмилалии «Фурӯғи илм» бо мақолаҳои олимони тоҷик ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ моҳи сентябри соли 2024 дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр мерасад.

Ба муносибати 10-солагии таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Беҳтарин рисола», «Беҳтарин таҳқиқот», «Беҳтарин шурои диссертатсионӣ», «Беҳтарин шурои экспертӣ» гузаронида мешаванд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки мутаассифона, таҳлили мунтазами парвандаҳои аттестатсионӣ ва дигар дархостҳои ба Комиссия воридшаванда собит менамоянд, ки ҳанӯз ҳам талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба таври зарурӣ аз ҷониби довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ риоя карда намешаванд.

Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ бояд амалӣ гардад. Аммо дар насаб, ном ва номи падарии баъзе довталабон талаботи номгузории миллӣ бо назардошти фарҳанги пурғановати миллӣ риоя нагардида, ҳанӯз ҳам парвандаҳои аттестатсионӣ ва дархостҳо бо ному насаби пурғалати имлоию забонӣ пешниҳод мешаванд, ки ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ нест. Вобаста ба ин ҳолат дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯии мақомоту идораҳои давлатии дахлдор баҳри риояи қонунгузории мамлакат дар ин самт ва ба танзим даровардани насаб, ном ва номи падарии довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ ба тасвиб расида, ба ниҳодҳои марбута дастрас карда шудааст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2024 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»