Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои мамлакат Иди тарбуз, харбуза ва каду доир мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш мегузоранд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин рӯз намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, яке аз мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаи таҷрибаи якдигар дар парвариши ин маҳсулоти полезӣ мебошад.
Дар мамлакат имсол баргузории зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






