Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 август, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум аз 14 то 16 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар доираи он имрӯз гурӯҳи кории Ҷумҳурии Қазоқистон бо Маркази татбиқи лоиҳаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос шуд.
Роҳбарияти корхона лоиҳаҳоеро, ки дар корбарӣ қарор доранд, ба меҳмонон муаррифӣ намуданд. Форум ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ҷавонони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад. Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд, мубодила намоянд.
Ба форум намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, пешвоёни ҳаракатҳои ҷавонон, намояндагони мақомоти давлатии амалкунандаи сиёсати ҷавонон, шарикони рушд, соҳибкорон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






