Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати адлия соати 09:00 доир мегардад.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешаванд.
Нишасти матбуотӣ дар Суди Олӣ соати 15:00 доир мешавад.
Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ соати 08:30 ва дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва соати 11:00 баргузор мешаванд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯз дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






