ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?

Август 31, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 31.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз меёбад. Яке аз масъалаҳои муҳим дар муассисаҳои таълимӣ таъмин намудани хонандагон бо китобҳои дарсӣ мебошад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо китобҳои дасрӣ таъминанд? Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Дар Вазорати маориф ва илм иброз доштанд, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ метавонад норасоии эҳтиёҷ ба баъзе аз китобҳои дарсӣ ба миён ояд. Вале агар дар аввали сол ҳангоми банақшагирии нашри китобҳои дарсӣ оморҳо аз ҷониби масъулини шуъбаҳои маориф ба вазорат доир ба эҳтиёҷи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ дуруст пешниҳод гарданд, норасоии китобҳои дарсӣ бартараф карда мешавад.

Тавре иттилоъ додем, дар соли таҳсили 2023-2024 шумораи хонандагони мамлакат 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафарро ташкил медиҳад, ки ба инобати ин шумора аз ҷониби Вазорати маориф ва илм китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр мегарданд.

Ба иттилои масъулини Вазоратати маориф ва илми мамлакат, агар давоми солҳои 2000 то 2005 аз ҷониби вазорат 8 млн 44 ҳазору 754 нусха китоби дарсӣ нашр гардида бошад, дар 5 соли охир (2020 – 2024) ин рақам 16 млн 410 ҳазору 762 нусхаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фанни таълимӣ ба воситаи 163 китоби дарсӣ таълим дода мешавад.

Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фанҳои соати тарбиявӣ аз рӯйи китобҳои дарсии «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» барои синфҳои 1 – 2, Тарзи ҳаёти солим барои синфҳои 3 – 4, «Ифтихори ватандорӣ» барои синфи 5, «Асосҳои бехатарии ҳаёт» барои синфҳои 6 – 7, «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» барои синфҳои 8 – 9, «Асосҳои интихоби касб» барои синфҳои 10 – 11 таълим дода мешаванд.

Тавре сокини 34 — солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҳорати Раҳматулло, ки 4 фарзанди мактабхон дорад, иброз дошт «дар давраи мактабхонии мо китобҳоии дарсӣ кам буданд, ҳатто як китобро чанд нафар истифода мебурдем. Имрӯз ман худ шоҳиди он гаштаам, ки фарзандонам аз тамоми фаннҳо китоб доранд. Айни замон барои таҳсили онҳо ягон мушкилӣ вуҷуд надорад ва барои ҳамин ҳам пайваста онҳоро ҳушдор медиҳам, ки аз фурсати муносиб, ки Ҳукумати мамлакат барояшон муҳайё намудааст, истифода карда, соҳиби илму дониш шаванд ва барои оянда мутахассиси хуб шудану ба Ватан содиқона хизмат кардан талош намоянд».

Тавре дар Вазорати маориф ва илм иброз доштанд, соли равон аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 3 млн 327 ҳазору 38 нусха китоби дарсӣ дархост пешниҳод гардида буд. То поёни моҳи август раёсат ва шуъбаҳои маорифи мамлакат бо 4 млн 139 ҳазору 111 нусха китоби дарсӣ таъмин карда шудааст.

«Дар айни замон чопи 31 номгўй китоби дарсӣ бо теъдоди 1 млн 97 ҳазор нусха дар ширкатҳои ноширии ватанӣ идома дорад, ки онҳо давра ба давра нашр ва тибқи дархост ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои мавриди назар дастрас карда мешаванд», -изҳор доштанд масъулини вазорат.

Яке аз иқдомҳое, ки барои рушди илму маориф ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии миллат равона шудааст, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» соли равон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи билингии пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ таҳия гардида, вобаста ба тарзи истифодаи он бо масъулини раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинар-машварат гузаронида шуд. Ҳоло пардохти маблағи китобҳои дарсӣ тавассути барномаи мазкур амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағи китобҳои дарсӣ, ба истиснои китоби дарсии «Алифбо» дар муддати се сол ба таври зайл: 34 дарсад, 33 дарсад ва 33 дарсад=100 дарсади арзиши аслии китоби дарсӣ аз ҳисоби иҷора бевосита ба суратҳисоби махсуси вазорат тавассути падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба таври ғайринақдӣ интиқол дода мешавад.

Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шаҳло Фахриддинова аз он мутаассиф аст, ки аз ҷониби хонандагону падару модарон нисбат ба нигоҳдошти китоб бепарвоӣ зоҳир гардида, бештари китобҳо тӯли як ё ду сол аллакай фарсуда ё гум карда мешаванд. Дар ин ҳолат маблағи пурраи он пардохт нашуда, норасоии китоб ба амал меояд.

Инҷо савол ба миён меояд, китобҳое, ки баъди як-ду сол варақҳояшон даридаву фарсуда мешавад, чӣ хел пардохт мешаванд, пурра ё ин ки нопурра?

Ба ин савол масъулини Вазорати маориф ва илм чунин посух доданд: «Арзиши аслии китоби дарсӣ дар муддати се сол бо роҳи иҷора тибқи тартиби муайянгардида пардохт карда мешавад. Мувофиқи талаботи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» ҳангоми гум кардан ё фарсудаи корношоям намудани китоби дарсии хонанда падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда маблағи онро аз рўйи арзиши умумии китоб пардохт менамоянд.

Ҳамзамон, тибқи тартиби номбурда ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти умумӣ оид ба тарбия ва корҳои беруназсинфӣ сиёсати муассисаро оид ба иҷораи китобҳои дарсӣ, нигаҳдорӣ ва таъмири китобҳои дарсӣ дар байни падару модарон ва хонандагон амалӣ мекунад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нишондиҳандаи иқтидори давлати муосири тоҷикон ва роҳнамои ояндаи пурсаодат
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шуд
ПАЁМ-ДАСТУРИ ЗИНДАГИСОЗИ МИЛЛАТ. Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сабаби устувор гардидани пояи давлатдории миллӣ мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
Омӯзиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ уфуқҳои наву фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад