Намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 4 медали тилло ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи варзиши вазнини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин (байни мардон ва занон) ба гиромидошти хотираи собиқадори соҳаи варзиш Нуридинов Аслиддин баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.
Дар мусобиқа намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирок намуда, натиҷаҳои баланд нишон доданд. Аз ҷумла, докторанти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълим Баҳриддин Нуриддинов дар вазни 73 кг бо нишон додани маҳорати баланд ҷойи якумро соҳиб гардид.
Ҳамчунин донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Худобахш Сангаков дар вазни 61 кг ва донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет Худойдод Ҳакимов дар вазни 89 кг мақоми якумро ба даст оварданд.
Донишҷӯи курси дуюми факултети молиявию иқтисодӣ Неъмат Зарифов дар вазни 81 кг сазовори ҷойи якум гардида, бо Диплом ва медали тиллои мусобиқа қадрдонӣ карда шуд.
Ба даст овардани чор мақоми якум аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар вазнҳои мухталиф нишондиҳандаи рушди устувори варзиш ва фаъолияти пурсамари варзишгарони донишгоҳ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






