Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии расмии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ
Меҳмонони олиқадр!
Варзишгарони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳузури ҳар яки шуморо ба нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки дар пойтахти сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир мегардад, самимона хайрамақдам мегӯям.
Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад.
Дар масири таърихи тӯлонии миллати мо навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла, гӯштингирӣ дар миёни мардуми фарҳангсолори тоҷик маҳбубияти зиёд дошта, дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун василаи тарбияи хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат кардааст.
Тавре ки аз куҳантарин осори адабии тоҷикон бармеояд, мардуми мо аз замонҳои хеле қадим барои таъмини тарзи ҳаёти солим, такмили ҷасорати ҷавонону наврасон, ҳифзи Ватан ва марзу буми он аз ин навъи варзиши миллӣ истифода мекарданд ва ин анъана имрӯз низ идома дорад.
Яъне аз давраҳои хеле қадим то имрӯз побарҷо будани намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ далели соҳибфарҳанг будани миллати тоҷик, рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошад.
Муҳайё намудани шароити созгори инфрасохториву ташкилӣ барои рушди варзиш, ба шумули гӯштингирӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Мояи ифтихору сарфарозист, ки бо талошу кӯшишҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Ин аст, ки кишвари мо имрӯз мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба ин намуди варзиш, аз ҷумла, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе илова бар ин, ки мизбони ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра мебошад, дар ин шаҳри зебову муосири тоҷикон бузургтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ низ баргузор мегарданд.
Агар дар аввалин чорабинии сатҳи байналмилалии ин намуди варзиш, ки ба хотири муаррифии гӯштингирӣ доир гардида, нахустин талоши мо барои ҷаҳонӣ кардани он ба ҳисоб мерафт, намояндагону варзишгарони 8 давлати дунё иштирок карда бошанд, дар чемпионати имрӯза намояндагони 63 кишвари олам иштирок доранд.
Мехоҳам иброз дорам, ки мо масъулияти дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои расмии байналмилалии гӯштингириро ба дӯш хоҳем дошт.
Мо минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон, инчунин, дигар мусобиқаҳои сатҳи баланди милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард.
Баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, яъне нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ омили муҳимми тақвияти саломатӣ ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо ба шумор рафта, пойтахти Тоҷикистони азизи мо – шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри сулҳу дӯстӣ муаррифӣ мекунад.
Бовар дорам, ки баргузории ин чорабинӣ марҳалаи тозаеро дар шинохти варзиши миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз менамояд ва ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун мизбони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ беҳтару бештар мешиносанд.
Басо рамзист, ки ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу таърихии тоҷикон – истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир гардида, ба ин ҷашни бузурги миллии мо шукӯҳи тоза мебахшад.
Бори дигар ба ҳамаи шумо – меҳмонону варзишгарони муҳтарам, мухлисону ҳаводорони ин намуди варзиш оғози чунин як чорабинии сатҳи ҷаҳониро, ки воқеан ҷашни бузурги варзиши миллии мо низ мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ба варзишгарон пирӯзӣ ва фатҳи қуллахои баланди варзишро орзу менамоям!








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”






