Робитаҳои илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳким меёбанд

Август 20, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Ёддошти ҳамкорӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии «Институти физикаи ядроӣ»-и Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон      хабар доданд.

Ин созишнома ба мустаҳкам намудани ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни ду муассиса дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори минтақа нигаронида шуда,  якчанд самти ҳамкориро дар бар мегирад. Таҳқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, ташкил намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ аз ин ҷумла мебошанд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии  Ёддошти ҳамкорӣ- ин омодагӣ ва мубодилаи мутахассисони ҷавон тавассути барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  гардида, ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани амният дар минтақа мусоидат мекунад.

Ёддошти ҳамкорӣ аз лаҳзаи имзои он эътибор пайдо намуда, давоми панҷ сол амал мекунад ва метавонад тамдид шавад. Ҷонибҳо мувофиқат намуданд, ки ҳар сол ҷараёни татбиқи созишномаро баррасӣ карда, самтҳои нави ҳамкориро муайян менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки  дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 20, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст