Сӯхтори ҷангалзор дар Фаронса ва Португалия: ҳазорон нафар сайёҳон кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Португалия танҳо давоми ду ҳафта 3,5 ҳазор гектар ҷангал нобуд гардид. Дар Мадейра аз сабаби шамоли сахт оташро хомӯш карда наметавонанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kazinform бо истинод ба «Еuronews» хабар додааст.
Дар департаменти Эро, воқеъ дар ҷанубу ғарби Фаронса 350 гектар ҷангали санавбар оташ гирифт. Ин ҳолат сайёҳонеро, ки дар он ҷо истироҳат мекарданд, маҷбур намуд корвонҳо ва хаймаҳояшонро ба ҷойҳои амн кӯчонанд.
Мақомот гуфтанд, ки баъдан сӯхтор таҳти назорат гирифта ва хомӯш карда шуд.
Дар Португалия моҳи август давоми сол аллакай хисороти рекордӣ овард — танҳо давоми ду ҳафта сӯхтор 3,5 ҳазор гектар ҷангалро нобуд намуд.
Дар яке аз ҷазираҳои галаҷазираи Мадейра сӯхтор дар се тараф аланга дорад. Сӯхтор ба минтақаҳои аҳолинишин расидааст- 160 нафар кӯчонида шуд.
Барои ёрӣ аз қитъа даҳҳо сӯхторхомӯшкун фиристода шуд.
Фаронса ва Португалия эстафетаи ғамангезро аз Юнон, Албания ва Италия қабул карданд- онҳо пас аз чанд ҳафтаи мубориза тавонистанд оташро хомӯш кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






