«САЙРИ ДУШАНБЕ». Имрӯз дар Душанбе барои рӯзноманигорон саёҳат ба мавзеъҳои зебоманзари пойтахт такшил карда мешавад

Август 27, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 27.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 27 август сайри рӯзноманигорон ба инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе ва маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе»  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни сайр гурӯҳи рӯзноманигорон тавассути автобусҳои дуқабата ба саёҳати дохилишаҳрӣ баромада,  Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-ро тамошо мекунанд.

Фаъолияти мунтазами хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата 25 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад. Сайри пойтахт сараввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардид.

Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа – «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj» ҷалб гардидаанд.

Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе амалӣ мешавад.

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 27, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад