Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Март 28, 2026 11:19

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид. Санади мазкур 26 марти соли равон дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расид.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои охир ҳамкорӣ байни ду давлат ба таври бесобиқа рушд намудааст. Аксари зиёди сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифовардаро шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон ташкил медиҳад. Ҳамчунин сол то сол теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади сайёҳат ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар менамоянд, меафзояд. Аз ҷумла, соли гузашта тақрибан ду миллиону ҳаштсад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Узбекистони ҳамсоя, аз ҷумла ҳамчун сайёҳ, боздид карданд. Дар навбати худ, зиёда аз як миллиону сад ҳазор шаҳрванди Узбекистон ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон ворид шуданд.

Баимзорасии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028 ба рушди соҳаи сайёҳии ҳар ду давлат мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 27 марти соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон, сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв ба Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи «Лаби ҳавз», Маҷмааи меъмории «Пои Калон» ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ташриф оварданд. Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ — маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст.

Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Мақбара мураббаъшакл буда, бо гунбази муҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.

Оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад. Иншоот ба рӯйхати Мероси фарҳангии ИСЕСКО низ ворид гардидааст. Ҳамарӯза садҳо гардишгар аз тамоми ҷаҳон ба тамошои ин мавзеъ меоянд.

Хотиррасон мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазор сол ба хизматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон арҷ гузошта шуд. Аз ҷумла, соли 1999 1100 — солагии давлатдории Сомониён бошукуҳ таҷлил гардида, дар шаҳри Душанбе муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Пули миллӣ — Сомонӣ ва яке аз ноҳияҳои пойтахт номи ӯро гирифт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 28, 2026 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад