Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023 муайян гардид

Август 16, 2024 17:08

ДУШАНБЕ, 16.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» баргузор гардид, ки дар он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Реал Трейдинг» — аз рӯйи номинатсияи «Савдо» ғолиби озмун ва пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф гардида, бо Ҷоми фахрии ғолиб қадрдонӣ карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе иброз дошт, ки соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерубахши ин муҳаррик мебошанд. Ин аст, ки дар мамлакат барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе бо назардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа доир гардид.

Ҳамзамон ҳадафи озмун таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ намудани беҳтарин соҳибкорон чун нишони барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ маънидод гардид.

Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» аз рӯйи 15 номинатсия доир гардида, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Соҳибкорон ва кормандоне, ки барои ташкил намудани чорабинӣ  ва иштироки фаъолона дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 16, 2024 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад