СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд вохӯрии гурӯҳи кории доимии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ бо табибону беморони ин беморхона иброз гардид, ки ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар шахс вобаста буда, бинобар ин солим будан аз талаботи ботинии ҳар инсон вобаста мебошад.
Ба гуфтаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия Исфандиёр Собирзода, дар баробари ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ будан вобаста мебошад.
Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






