ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст

Август 7, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз даҳаи сеюми моҳи июл то имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати баланди ҳаво идома дорад. Обуҳавошиносон онро ба тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо рабт медиҳанд.

Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои он аст. Тағйирёбии иқлим ҳоло ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Тағйирёбии иқлим сол ба сол ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар бориши кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи иқлимшиносон, яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ба афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ марбут буда, ин омил сабабгори гармшавии ҳарорати ҳаво дар кураи Замин гашта, боиси босуръат об шудани пиряҳо гардидааст.

Таҳлил ва пажуҳиши иқлимшиносон собит намуд, ки сол ба сол бо сабаби таъсири идомаи дигаргуншавии иқлими сайёра пиряхҳо, ки манбаи асосии ташаккулёбии об дар ҷаҳон ба шумор мераванд, аз байн рафта, боиси норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва сар задани офатҳои табиӣ дар рӯи Замин мегарданд. Пайомадҳои дигаргунии иқлим дар сайёраи Замин иқлимшиносон ва ҷомеаи ҷаҳонро водор намуд, ки роҳҳои пешгирӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани обшавии пиряхҳоро бо истифода аз роҳу воситаҳои нав ҷорӣ намоянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тағйирёбиии иқлим ва пешгирии ҳодисаҳои марбут ба он, инчунин вобаста ба оби тоза ташаббусу ибтикороти зиёде нишон додаанд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ташаббуси чоруми Президенти Тоҷикистон мебошад, ки ба нафъи кулли сайёра равона шуда, ба ҳалли масъалаи об барои ҳаёти бардавоми инсон такони ҷиддӣ мебахшад.

Тибқи иттилои иқлимшиносон, моҳи июли соли 2024 ҳарорати ҳаво дар рӯйи Замин баландтарин ҳисобида шуд.

Гармшавии глобалӣ чист?

Гармшавии глобалӣ болоравии ҳарорати миёнаи рӯи Замин мебошад, ки сабаби асосии он фаъолияти инсон ҳисобида мешавад. Гармшавии глобалӣ аз охирҳои асри 19 мушоҳида карда мешавад ва суръати он мунтазам меафзояд. Агар ин гармшавӣ боздошта нашавад, дар оянда сайёра ба оқибатҳои ногувор дучор мегардад: баъзе шаҳрҳои назди соҳили дарёҳо аз байн мераванд, сафи одамоне, ки аз гуруснагӣ азият мекашанд, меафзояд, барои захираҳои муҳими зиндагӣ ҷангҳо cap мешаванд. Бинобар ин мубориза ба муқобили гармшавии глобалӣ- тамоюли устувори асри мо аст.

Хадамоти обуҳавошиносии Британияи Кабир қаблан пешгӯӣ карда буд, ки ҳадди аз ҳама баланди ҳарорати 1,5°С метавонад соли 2024 аз байн равад. Мутахассисони дигар созмонҳои пешрафтаи мониторинги иқлим гуфтаанд, ки гармшавии кунунӣ дар доираи пешбинии моделҳои компютерӣ боқӣ мемонад. Аммо якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво дар 12 моҳи охир бисёр олимонро ба ҳайрат овард. Ин нигарониҳо хавфи эҳтимолии тезтар ба амал омадани гармшавиро ба вуҷуд меоранд. Диана Юрге-Форсатс, яке аз муовинони раиси Гурӯҳи байниҳукуматии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) иброз дошт, ки дар 15 соли охир гармшавӣ дар сайёра бо суръати 0,3°С дар даҳ сол ба амал меомад. Ин назар ба тамоюли охири асри 20, яъне 0,18°С дар як даҳсола тақрибан ду баробар зиёдтар аст.

Чиро сабаби тағйирёбии иқлим меҳисобанд?

Сабаби асосии тағйирёбии иқлим, ки коршиносон аслан сари он баҳс намекунанд, ин партовҳо аз сӯзишвории истихроҷшуда мебошад. Баррасии тақрибан 90 000 таҳқиқоти марбут ба иқлим чунин нишон дод: дар илм ба ин мувофиқа расиданд, ки «иқлим бинобар сӯзонидани газ, нафт, ангишт ва дарахтон тағйир меёбад». Саманта Берҷесс, муовини директори Маркази илмии Copernicus мегӯяд: “Барои он ки гармшавии минбаъда манъ карда шавад, бояд партовҳои газҳои гулхонаӣ босуръат коҳиш дода шаванд”.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба ТАСС хабар дода буд, дар Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бинобар гармои шадид зиндагӣ кардан ғайриимкон мегардад. Яъне, Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бинобар тағйирёбии иқлим дар оянда метавонанд минтақаҳои барои ҳаёти инсонҳо хатарнок гарданд.

Тавре ширкати телевизионии CNN бо истинод ба пажуҳишҳои Донишгоҳи Пердю шарҳ медиҳад, олимон инро ба он рабт медиҳанд, ки ин минтақаҳо дорои зичии хеле баланди аҳолӣ ва дастрасии маҳдуд ба ҳавосардкунакҳо (кондитсионерҳо) мебошанд.

Бинобар афзоиши гармшавии глобалӣ пас аз якчанд сол қисматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла Ғарби Миёна метавонанд маркази гармии шадид ва намнок гарданд.

Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки тобистони гарми соли 2024 дар назди меъёрҳое, ки дар оянда инсониятро чӣ гуна ҳарорати баланд интизор хоҳад буд, салқинтар метобад.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола тақрибан 489 ҳазор нафар аз гармӣ мефавтанд. Бо вуҷуди ин, CNN таъкид менамояд, ки шумораи воқеии фавтидагон метавонад зиёдтар бошад, зеро пайгирии фавтнокӣ аз гармӣ хеле душвор аст.

Чанде пеш Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) изҳор дошт, ки дар Аврупо давоми даҳсолаҳои охир басомад ва шиддатнокии ҳарорати шадид, аз ҷумла мавҷҳои баҳрии гарм афзоиш ёфтаанд. Тибқи пешгӯиҳо, ин афзоиш новобаста аз вазъи газҳои гулхонаӣ идома хоҳад ёфт.

Тоҷикистон дар рейтинги давлатҳое, ки аз лиҳози газҳои парникӣ партови хеле кам ихроҷ мекунанд, дар ҷои 130 қарор дорад, аммо ҳамчун ҷумҳурие, ки 93 фоизашро кӯҳҳо иҳота кардаанд, нисбат ба тағйирёбии иқлим мамлакати осебпазир маҳсуб мешавад.

Гармии ғайримуқаррарӣ ба равандҳои табиӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ба таври фалокатовар таҳдид мекунад. Ин ба он оварда мерасонад, ки таназзул пайдо шуда, механизми пайдоиши ярчҳои фалокатовар ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ба амал меояд.

Пиряххо об мешаванд

Бисёриҳо мегӯянд, ки гармшавии глобалӣ- ин бофтаи экологҳо аст. Аммо фаъолияти пурталотуми инсон бе асар намегузарад. Ба ин ё он дараҷа инсон дар тағйирёбии иқлим гунаҳгор аст ва далели инро бо чашми одӣ дидан мумкин аст. Пиряхи Бриксдал- ин бозуи пиряхи азими Йостедалсбреан аст, ки калонтарин дар Аврупо аст. Он дар музофоти Согн-ог-Фюран дар Норвегия ҷойгир аст. Давоми ҳафт сол пирях қариб се баробар кам шудааст. Давоми ҳафт соли дигар аз он чизе намемонад.

Дар ин маврид Президенти Тоҷикистон ҳушдор дода буданд

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин мушкилотро изҳор доштаанд. Аз ҷумла зимни суханронӣ дар моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи онлайнии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор низ дар ин маврид гуфта буданд.

«Имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд», — гуфта буданд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим унвон намуданд.

Президенти Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон — пиряхи Федченко (ҳоло Ванҷях), ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70-80 соли охир пиряхи Федченко беш аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват карданд, ки Хазинаи байналмилалии наҷоти пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи баргузории Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Мояи ифтихори мо аст, ки 14 декабри соли 2023 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоият қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълони соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул намуд.

Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Хазинаи байналмилалии Эътимоди ҳифзи пиряхҳо таъсис шуда, соли 2025 Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар ин мавзуъ дар Душанбе баргузор мешавад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Август 7, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд
Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИ БИНОӢ. Дар Тоҷикистон 1800 нафар кӯдакон аз бемории чашм азият мекашанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Ба пешгӯии коршиносон, то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар кураи Замин эҳтимол то 3 дараҷа баланд шавад
ҲАФТ ПЕШНИҲОДИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо ба ҳалли мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех дарахт шинонида мешавад
Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, ки амнияти давлату миллатро пурра таъмин намояд
БАРОИ ИДОМАИ ТАҲСИЛ ЧӢ БОЯД КАРД? Онҳое, ки то синфи 9 таҳсил накардаанд ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон муроҷиат намоянд
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ ДУР НАСОЗЕД! Соли 2023 44 000 нафар хонанда баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд