ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, ҷумъа, 215-умин рӯзи соли 2024 аст
2 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои матбуот изҳорот дода, аз ҷумла иброз намуданд, ки «мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи давлатҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем».
***
8 сол қабл, 2 августи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
2 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
2 августи соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он 64 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок намуданд.
***
2 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ ба муносибати 25-солагии таъсиси Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки десантчиёни тоҷик аз неруҳои тавонои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
***
2 августи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани осори адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографиеро таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намудааст.
2 АВГУСТ:
Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.
***
Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдулхайр Қосимов – соли 1907- ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.