ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин мебошад.
***
24 августи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
***
24 августи соли 2010 шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли семент расман ба кор дароварда шуд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аввалин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принсипи инсондӯстии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.
***
24 августи соли 2016 роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
24 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Парламент дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид,
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Таиланд, инчунин густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд дар бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ баррасӣ шуд.
24 АВГУСТ:
Дар Либерия – Рӯзи парчам.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Пӯлод Толис- соли 1929 — нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).