ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, душанбе, 218-умин рӯзи соли 2024 аст
5 августи соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон байни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гашт.
***
5 августи соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистон ва Кипр- «Стар Мост» ба фаъолият оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.
***
5 августи 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон шинос шуданд.
***
5 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ дар Туркманистон бо фаъолияти бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар Душанбе Чемпионати сеюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола оғоз гардид.
***
5 августи соли 2023 бар асари бориши шадид дар музофоти Ҳэбеэйи шимоли Чин беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар кӯчонида шуданд.
5 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии чароғаки раҳнамо (светофор).
***
Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдулҳамид Самад — соли 1947- нависанда, рӯзноманигор. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990).








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






