Теъдоди ҳалокшудагон бар асари бориши шадид дар Покистон ба 195 нафар расид
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди нафароне, ки аз 1 июл то 17 август дар минтақаҳои гуногуни Покистон бар асари боришоти шадид ҳалок шудаанд, ба 195 нафар расид, ҳамзамон 362 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Тавре рӯзи якшанбе рӯзномаи The Express Tribune бо истинод ба гузориши Раёсати миллӣ оид ба идоракунии офатҳои табиӣ хабар додааст, дар 24 соати охир 7 нафар ҳалок гардид. Вилояте, ки аз обхезӣ зарари бештар дидааст, Панҷоб мебошад.
Аз 1 июл то имрӯз 2 293 иншооти ғайриманқул хароб шудааст, ки барқарор кардани 734 адади он имконнопазир аст. Обхезӣ зиёда аз 44 километр роҳ ва 30 пулро хароб кардааст.
19 август дар минтақаҳои гуногуни Покистон бориши шадид дар назар аст, ки он метавонад дар ноҳияҳои поёноби Исломобод, Равалпиндӣ, Гуҷранвала, Лоҳур, Шайхупура, Касур, Сиалкот, Саргодҳа, Файсалобод ва Пешовар сабаби обхезӣ гардад.
АКС аз манбаъҳои боз








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






