Ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳунармандони Ташкилоти давлатии академии консертии «Казакконсерт» ба номи Роза Багланова 24 август дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ санъати миллии қазоқиро пешкаши тамошобинон мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ хабар доданд.
Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul», Ходими хизматнишондодаи Қазоқистон Айзат Карабек, лауреати Мукофоти давлатии ҷавонон «Дарин» Аскар Мукият, лауреатҳои озмунҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ Султон Ахмет ва Инкар Айдархонкизи ҳунарнамоӣ мекунанд.
Онҳо сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ, композисияҳои асбобию хореографиро иҷро менамоянд.
Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо медиҳад. Суруд ҳамеша ба дили шунавандагон нисбат ба зебоии зодгоҳ, қувваи боварибахши аккордҳо, боварии бепоён ба мардум ва давлати худ завқи ҳаяҷонбахш мебахшад.
Онро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев иҷро мекунад.
Барномаи ҳунарӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






