Вазорати корҳои дохилӣ: «Дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд»

Август 8, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми хайрхоҳона ва дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба моддаҳои 307 ва 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот, яъне эзоҳ ворид карда шуд. Тибқи эзоҳи воридшуда, ба моддаҳои 307 ва 401 Кодекси ҷиноятӣ, агар шахси дар давлатҳои ҷангзада дар амалиёти мусаллаҳона иштирокнамуда, инчунин аъзои дигари гурӯҳҳои террористӣ аз кардаи худ сидқан пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргарданд, агар дар ҳаракатҳояшон дигар таркиби ҷиноят дида нашавад, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода иброз дошт, ки «тезу тунд гардидани муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, талошҳои диниву мазҳабӣ, ҷангу муноқишаҳо дар баъзе давлатҳои ҷаҳон вазъро дар сайёра ноором ва таҳдиду хатарро ба амнияту субот афзун гардонидааст. Хатари терроризму экстремизм, афзудани афкору андешаи ифротгароӣ дар ҷомеа яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амният ва бехатарии ҷомеаву мамлакат ва кишварҳои минтақа ба шумор меравад. Дар робита ба ин дар назди кормандонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ вазифаи ниҳоят масъул, яъне муқовимат ба ҳама гуна бархӯрдҳои замони муосир: терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои фаромиллӣ истодааст».

Иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2024 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 95 ҳолати маблағгузории ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ошкор шудааст. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 43 ҳолати маблағгузорӣ ошкор ва дар натиҷа 39 нафар дастгир гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра даҳ гурӯҳи мутташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор шуд. Дар ҷумҳурӣ се амали террористӣ ва ду суиқасд ба амали террористӣ ба қайд гирифта ва ошкор карда шуд.

Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 582 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ сабт шудааст. Дар натиҷаи чораҷӯӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 1381 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир шуданд.

Соли 2024 ба воситаи Маркази миллии Интерпол 44 ҷинояткоре, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар қаламрави давлатҳои хориҷа дастгир шуда, 22 нафари онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардиданд ва боқимонда 22 нафари дигар дар марҳилаи истирдод қарор доранд.

Дар ҳамин давра 226 нафар аъзои ташкилоту созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир гардида, инчунин 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи мамлакат ихтиёран ба Ватан баргардонида шуда, бо татбиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Дар натиҷаи доир кардани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ то имрӯз 1589 нафар аъзои равия, созмону ташкилоти террористӣ, иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷи мамлакат баргардонида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва ба ҳаёти осоишта равона карда шуданд.

Бо иқдому ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 47 нафар оилаҳои аъзои гурӯҳҳои террористӣ (дар умум 381 шаҳрванди Тоҷикистон) аз давлатҳои ҷангзада баргардонида шуданд. Бо пешниҳоди ин маълумот, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба намояндагнои ВАО муроҷиат кард, ки моҳияти ин иқдоми хайрхоҳона тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн карда шавад. Оилаҳое, ки наздиконашон дар давлатҳои хориҷа ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил гардида, ҳамзамон дар давлатҳои ҷангзада дар муноқишаҳо иштирок доранд, наздикону пайвандони худро даъват намоянд, ки бе ҳарос ба Ватан баргарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид