33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат ҳодисаҳои муайян ё ғайриинтизоре рӯй медиҳанд, ки ба пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ расидан ба истиқлоли давлатӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.
Имсол мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони 33-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир таҷлил менамоянд. Истиқлоли давлатӣ пойдевори асосии ҷомеа ба шумор рафта, дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ аҳамияти хосса дорад. Чунин изҳори назар менамояд коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаров.
— Истиқлоли давлатӣ соли 1991 барои миллати тоҷик саҳифаи нави дурахшон кушода, имкон фароҳам овард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллӣ гардад ва дар баробари дигар кишварҳои дунё ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шавад. Соҳибистиқлолии давлатӣ мавқеъ мебошад ва истиқлоли миллӣ ҳолат аст. Соҳибистиқлолии давлатиро дар дохили давлат эълон менамоянд ва онро аз берун давлатҳои дигар эътироф мекунанд. Соҳибистиқлолии давлатиро доираи муайяни кишварҳои ҷаҳон ба расмият мешиносанд, давлат дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил ворид гардида, дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ якчанд уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳоро соҳиб мегардад.
Маҳз ин ҳодисаи таърихӣ аввалин марҳалаи нави рушди давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Яъне, Истиқлоли давлатӣ барои ин мардуми таҳаммулгарову тамаддунсоз ва фарҳангсолор неъмати бебаҳо ва падидаи муттаҳидкунандаи асоси соҳибихтиёрӣ буд.
Оғози марҳилаи нав дар назди мардуми куҳанбунёди Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр муҳимму пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузоштааст. Дар ин ҷо ҳимояи пояҳои истиқлоли сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар низоми манфиатҳои давлат мавқеи хосса дошта, барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳимро доро мебошанд.
Татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли давлатӣ дар шароити мунтазам тағйирёбандаи вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хос дорад. Бинобар ин, ҳимояи рукнҳои истиқлоли сиёсӣ барои мавҷудияту рушди минбаъдаи давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун афзалияти умумимиллӣ вазъи ҳимояшавандагии манфиатҳои муҳими мамлакатро дар назар дорад. Дар шароити ҳозира манфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии давлат, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, рушди устувор ва ҳимояи мамлакат аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ва моҷароҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд.
Истиқлоли давлатии тоҷикон маҷмуи натиҷаи истиқлоли фикрии ниёгони гузашта, идомаи мантиқии занҷираи давлатдорӣ, таҷлил ва инъикоси ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллати тоҷик мебошад.
Ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне озодии иродаи миллӣ шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноии миллӣ ва дар маҷмуъ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон буд. Ҳамчунин дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равандҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон ба амал меоянд, мазмуну муҳтавои истиқлоли давлатиро ба якчанд дигаргуниҳо дучор сохтааст. Яъне, истиқлоли давлатӣ дар баробари равандҳои дигари ҷамъиятӣ ба ваҳдату субот ва амнияти дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат дар ҳолатҳои зоҳиршавии таҳдидҳои гуногун ба истиқлоли сиёсӣ авлавияти старагегӣ касб намудааст.
Аз назари фалсафаи сиёсат истиқлоли сиёсӣ ҳолате аст, ки дар он миллат ҳамчун умумияти томи сиёсию таърихӣ сарнавишти имрӯза ва ояндаи худро ба даст гирифта, манфиатҳои умумимиллиро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ҳимоя карда метавонад. Бе истиқлоли сиёсӣ на танҳо мавҷудияти давлатдорӣ, балки ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконнопазир аст.
Тавре дар боло ишора гардид, истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд. Ҳамчунин истиқлоли сиёсӣ озод будани як давлат аз тобеияти давлати дигар буда, ифодакунандаи мустақилияти миллӣ дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ бе дахолати кишварҳои беруна мебошад.
Истиқлоли сиёсӣ аз нигоҳи мантиқи сиёсӣ ҳамчун раванд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти миллии мамлакат ва таъмини суботи сиёсии давлат маънои ҳимояи истиқлоли сиёсии кишварро дорад. Таъмини амнияти миллӣ– ин бешубҳа, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим, манфиатҳои бақодорӣ, манфиатҳои ҳарбӣ ва ҳимояи истиқлоли сиёсӣ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Ин мавқеъ метавонад ба раванди ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ дар арсаҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон зарфияти таъсиргузор дошта бошад.
Ба андешаи мо, дар масири ояндаи таърихӣ истиқлоли фикрию рушди илмӣ, идеологияи миллӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳимоя ва таҳкими заминаҳои маърифатии истиқлоли сиёсӣ, мувозинати стратегӣ ва таъмини тавозуни геополитикӣ дар фазои давлат, иқтисод ва саноати пешрафта ва дар маҷмуъ, рушди устувор метавонад пояҳои истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар равандҳои мураккаби минтақа ва ҷаҳон устувор намуда, на танҳо таҳдидҳоро ба манфиатҳои муҳими мамлакат бартараф созад, балки метавонад барои расидан ба қуллаҳои баланди истиқлоли сиёсӣ дар масири давлатсозӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Маҳз истиқлоли сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хосса насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсонӣ ташаккул диҳад. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол ба осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба истиқлол даҳсолаҳо муборизаи беамон бурдаанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзандони худогоҳ ва асили худро аз даст додаанд.
Вобаста ба масъалаи таҳкими арзишҳои миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯйи истиқлол чӣ гуна душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз шашҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».
Ҳамзамон Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки «ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст».
Агар ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ назар афканем, онҳо хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дахл доранд.
Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлол, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшишро ба ин роҳи пуршараф равон созем ва бо заҳмати содиқона ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии муаллиф








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 28 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд






