35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии шаҳри Турсунзода мумфарш ва бетонпӯш карда шуданд

Ноябрь 18, 2025 14:20

ТУРСУНЗОДА, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинон зиёда аз ду километр роҳи деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов мумфарш  карда шуд.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Зимни иштирок дар таъмири роҳ раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба саҳмгузорони ин амали нек  миннатдорӣ изҳор намуда, маслиҳат дод, ки таъмири роҳро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз  дар шаҳри Турсунзода  ба маблағи 34 миллиону 701 сомонӣ 65,3 километр роҳҳои маҳаллию дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мумфарш ва 30 километр роҳҳои маҳаллӣ бетонпӯш карда шудаанд.  Мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳри Турсунзода идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 18, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд